Пешгирии қочоқи қурут аз Қирғизистон ба Тоҷикистон

Ба марзбонони қирғиз муяссар шудааст, ки интиқоли ғайриқонунии миқдори зиёди қурутро ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, санаи 28 март дар мавзеи Эки-Тоши вилояти Ботканд марзбонон як шаҳрванди Қирғизистонро боздошт намудаанд, ки дар автомашинаи тамғаи Hyundai Porter 61 халта қурут бо вазни умумии 1 ҳазору 460 килоро ба […]



Ба марзбонони қирғиз муяссар шудааст, ки интиқоли ғайриқонунии миқдори зиёди қурутро ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.

Бино ба

маълумоти

дафтари матбуоти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, санаи 28 март дар мавзеи Эки-Тоши вилояти Ботканд марзбонон як шаҳрванди Қирғизистонро боздошт намудаанд, ки дар автомашинаи тамғаи Hyundai Porter 61 халта қурут бо вазни умумии 1 ҳазору 460 килоро ба Тоҷикистон интиқол доданӣ будааст.

Дар маълумот қайд мешавад, ки мақомоти гумрук арзиши бори қочоқии боздоштшударо тахминан ҳудуди 200 ҳазор сом (наздики 3 ҳазор $) арзёбӣ кардаанд.

«Пас аз таҳияи ҳуҷҷатҳои дахлдор шаҳрванди боздоштшуда ва бори қочоқӣ ба ихтиёри шуъбаи минтақавии Хадамоти давлатии гумруки Қирғизистон супурда шуд», – гуфта мешавад дар маълумоти мазкур. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.