Истеъфои мураббиёни мунтахаби футболи Тоҷикистон

Раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) тасмим гирифт, ки ҳайати мураббиёни дастаи мунтахаби футболи кишварро пурра ба истеъфо фиристад. Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста Мубин Эргашев ҳамроҳ бо ёварони худ бинобар натиҷаҳои ғайриқаноатбахши даста дар мусобиқоти марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018, ки мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» зинаи 4-умро ишғол намуд, аз мансабҳояшон барканор шуданд. Бино ба […]



Раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) тасмим гирифт, ки ҳайати мураббиёни дастаи мунтахаби футболи кишварро пурра ба истеъфо фиристад.

Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста Мубин Эргашев ҳамроҳ бо ёварони худ бинобар натиҷаҳои ғайриқаноатбахши даста дар мусобиқоти марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018, ки мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» зинаи 4-умро ишғол намуд, аз мансабҳояшон барканор шуданд.

Бино ба

иттилои

сомонаи расмии ФФТ, дастаи мунтахаби кишварро ба мусобиқаҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 ҳайати нави мураббиён омода хоҳад кард. Сармураббии нави даста ояндаи наздик эълон шуда, ӯ мустақилона ёварони худро интихоб мекунад.

Ёдрас мекунем, ки дар ду вохӯрии охири марҳилаи интихобии Ҷемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2016 мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ

аз дастаи Австралия

– ғолиби Ҷоми Осиё бо ҳисоби бузурги 0 бар 7 ва дар майдони худ

аз тими Қирғизистон

бо ҳисоби 0 бар 1 шикаст хӯрд.

Қобили зикр аст, ки акнун Тоҷикистон дигар аз ҳаққи иштирок дар мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми футболи ҷаҳон-2018 маҳрум шуда, барои роҳ ёфтан ба даври гурӯҳии мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 рақобат мекунад. Бозиҳои футболбозони тоҷик дар ин давр рӯзҳои 2 ва 7 июн баргузор мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.