БОР: Рушди иқтисоди Тоҷикистон имсол то 3,8% поин меравад

Дар «Гузориши рушди Осиё-2016», ки имрӯз аз ҷониби Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Душанбе муаррифӣ шуд, зикр мегардад, ки поинравии рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон идома ёфта, зарурати суръат бахшидан ба гузаронидани ислоҳот баҳри инкишофи саноати рақобатпазир ва содирот, ҳамчунин таъсиси ҷойҳои кориро инъикос мекунад. Коршиносони БОР рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2016-ро дар […]



Дар «Гузориши рушди Осиё-2016», ки имрӯз аз ҷониби Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Душанбе муаррифӣ шуд, зикр мегардад, ки поинравии рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон идома ёфта, зарурати суръат бахшидан ба гузаронидани ислоҳот баҳри инкишофи саноати рақобатпазир ва содирот, ҳамчунин таъсиси ҷойҳои кориро инъикос мекунад.

Коршиносони БОР рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2016-ро дар сатҳи 3,8% ва то 4,0% дар соли 2017 пешгӯӣ мекунанд.

Қайд мешавад, ки «бар асари таъсири нархҳои паст ба молу маҳсулот, сармоягузориҳои хусусии начандон зиёду самараовар ва коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ», рушди иқтисоди кишвар аз 6,7% дар соли 2014 то ба 6% дар соли гузашта коҳиш ёфт.

«Рушди устувор ислоҳоти таъҷилиро баҳри барқарор намудани заминаи саноатии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ тақозо мекунад ва барои ноил гардидан ба он муҳайё сохтани муҳити мусоид барои тиҷорат, бахусус барои корхонаҳои хурду миёна зарур аст, ки ҷойҳои кори оммавиро ба аҳолии дар ҳоли афзоиш қарордошта ва муҳоҷирони бозгарданда таъмин мекунанд», – изҳор намуд намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Си.Си.Ю.

Зикр гардид, ки соли 2015 мизони таваррум аз 6,1%-и соли 2014 то ба 5,1% поин рафта, соли 2016 таваррум дар сатҳи – 8,5% ва соли 2017 – дар мизони 7,5% пешгӯӣ мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.