Кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат шаҳрванди 55-солаи ҷумҳуриро, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия мавриди пайгард қарор доштааст, боздошт намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД ҶТ, ин мард дар Русия ба гумони содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 228, қисми 2-и Кодекси ҷиноии ин кишвар (нақзи қоидаҳои муомилоти маволи нашъаовар ё маводи психотропӣ) мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст.
Гуфта мешавад, дар вақти азназаргузаронии хонаи истиқоматии дастгиршуда кормандони оперативии милитсия 1 килою 302 грамм маводи нашъадори бангдонаро дарёфт ва мусодира намуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад.





