Ҷаҳон Қурбонов аз имкони дастёбӣ ба роҳхати олимпӣ маҳрум гашт

Муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар мусобиқаи литсензионӣ оид ба бокс дар минтақаи “Осиё” ва “Уқёнус”дар Чин рӯзи 2 апрел барои ҷойи севум дар вазни то 91 кило бо намояндаи Австралия Ҷейсон Эрик рақобат карда аз рақибаш бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия маҳрум гашт. Дар ин […]

ASIA-Plus



Муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар мусобиқаи литсензионӣ оид ба бокс дар минтақаи “Осиё” ва “Уқёнус”дар Чин рӯзи 2 апрел барои ҷойи севум дар вазни то 91 кило бо намояндаи Австралия Ҷейсон Эрик рақобат карда аз рақибаш бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия маҳрум гашт.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рӯзи 2 апрел хабар додааст. Ӯ гуфтааст, ки дар ин мусобиқаи литсензионӣ ҳамаи ёздаҳ муштзани тоҷик  – дар сабқати мардон Шӯҳрат Сабзаалиев (49 кг), Файзмамад Малахбеков (52 кг), Ораз Авзалшоев (56 кг), Анвар Юнусов (60 кг), Шараф Давлатов (69 кг), Шаббос Неъматуллоев (75 кг), Наврӯз Ҷафоев (81 кг), Ҷаҳон Қурбонов (91 кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг), дар сабқати занон Мавзуна Чориева (60 кг) ва Шоира Зулқайнарова (75 кг) – ба нокомӣ дучор шуда, аз роҳхатҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Гуфта мешавад, ҳамакнун муштзанҳои тоҷик муборизаро барои  ба даст овардани роҳхатҳои олимпӣ рӯзҳои 16-28 май дар Остонаи Қазоқистон ва рӯзҳои 7-19 июн дар Бокуи Озарбойҷон идома хоҳанд дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.