GFP: Артиши Тоҷикистон заифтарин дар минтақа аст

Дар рейтинги тозанашри артишҳои пуриқтидортарини ҷаҳон, ки аз ҷониби мутахассисони Global Firepower (GFP) омода мегардад, Тоҷикистон зинаи 112-умро касб кардааст. Ба рейтинг и мазкур 126 кишвар шомил шудаанд. Дар он шумори умумии аҳолии Тоҷикистон ҳудуди 8,2 млн. нафар арзёбӣ шудааст, ки 3,2 млн. нафарашон ба хизмати ҳарбӣ коршояманд. Ҳамасола 152 ҳазор нафар ба синнусоли даъват […]

ASIA-Plus



Дар рейтинги тозанашри артишҳои пуриқтидортарини ҷаҳон, ки аз ҷониби мутахассисони Global Firepower (GFP) омода мегардад, Тоҷикистон зинаи 112-умро касб кардааст. Ба


рейтинг


и мазкур 126 кишвар шомил шудаанд.

Дар он шумори умумии аҳолии Тоҷикистон ҳудуди 8,2 млн. нафар арзёбӣ шудааст, ки 3,2 млн. нафарашон ба хизмати ҳарбӣ коршояманд. Ҳамасола 152 ҳазор нафар ба синнусоли даъват ба хизмати ҳарбӣ мерасанд. Айни замон 6 ҳазор нафар хизмати ҳарбӣ адо мекунанд.

Қайд мешавад, ки артиши Тоҷикистон 37 адад танк, 45 адад мошинҳои зиреҳпӯши дигар дараҷаҳо, 10 адад аслиҳаи интиқолёбанда ва 3 адад низоми реактивии оташфишонии шиллик дорад.

Гуфта мешавад, Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 15 ҳавопаймои нақлиётӣ, 4 ҳавопаймо барои омӯзишу тамрин, ҳамчунин 6 чархболи зарбазан ва 20 чархболи гуногунҷабҳаро дар ихтиёр доранд.

Зимнан зикр мегардад, ки буҷети Тоҷикистон соли 2016 дар бахши мудофиа 75 млн. доллари ИМА (қурби ҳисоб нишон дода нашудааст), қарзи давлатӣ – 3,6 млрд. доллари ИМА ва захираҳои асъору тилло – 430 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, артиши ИМА дар рейтинг пуриқтидортарин дониста шуда, баъди он артишҳои Русия, Чин, Ҳиндустон ва Фаронса қарор доранд. Ба даҳгонаи артишҳои беҳтарин ҳамчунин Қувваҳои Мусалалҳи Британияи Кабир, Ҷопон, Туркия, Олмон ва Италия низ шомиланд.

Мутобиқи ин рейтинг, артишҳои Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (зинаи 126-ум), Сомалӣ (125-ум) ва Намибия (124-ум) артишҳои заъифтарини дунё унвон шудаанд.

Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ артиши Ӯзбекистон (зинаи 48-ум) нисбатан пуриқтидортарин номида шуда, Қазоқистон – дар зинаи 53-юм, Туркманистон – мақоми 86-ум ва Қирғизистон  – дар ҷойи 110-ум қарор доранд.

Дар ин рейтинг артиши Афғонистон зинаи 66-умро касб кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.