Дар рейтинги тозанашри артишҳои пуриқтидортарини ҷаҳон, ки аз ҷониби мутахассисони Global Firepower (GFP) омода мегардад, Тоҷикистон зинаи 112-умро касб кардааст. Ба
рейтинг
и мазкур 126 кишвар шомил шудаанд.
Дар он шумори умумии аҳолии Тоҷикистон ҳудуди 8,2 млн. нафар арзёбӣ шудааст, ки 3,2 млн. нафарашон ба хизмати ҳарбӣ коршояманд. Ҳамасола 152 ҳазор нафар ба синнусоли даъват ба хизмати ҳарбӣ мерасанд. Айни замон 6 ҳазор нафар хизмати ҳарбӣ адо мекунанд.
Қайд мешавад, ки артиши Тоҷикистон 37 адад танк, 45 адад мошинҳои зиреҳпӯши дигар дараҷаҳо, 10 адад аслиҳаи интиқолёбанда ва 3 адад низоми реактивии оташфишонии шиллик дорад.
Гуфта мешавад, Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 15 ҳавопаймои нақлиётӣ, 4 ҳавопаймо барои омӯзишу тамрин, ҳамчунин 6 чархболи зарбазан ва 20 чархболи гуногунҷабҳаро дар ихтиёр доранд.
Зимнан зикр мегардад, ки буҷети Тоҷикистон соли 2016 дар бахши мудофиа 75 млн. доллари ИМА (қурби ҳисоб нишон дода нашудааст), қарзи давлатӣ – 3,6 млрд. доллари ИМА ва захираҳои асъору тилло – 430 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, артиши ИМА дар рейтинг пуриқтидортарин дониста шуда, баъди он артишҳои Русия, Чин, Ҳиндустон ва Фаронса қарор доранд. Ба даҳгонаи артишҳои беҳтарин ҳамчунин Қувваҳои Мусалалҳи Британияи Кабир, Ҷопон, Туркия, Олмон ва Италия низ шомиланд.
Мутобиқи ин рейтинг, артишҳои Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (зинаи 126-ум), Сомалӣ (125-ум) ва Намибия (124-ум) артишҳои заъифтарини дунё унвон шудаанд.
Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ артиши Ӯзбекистон (зинаи 48-ум) нисбатан пуриқтидортарин номида шуда, Қазоқистон – дар зинаи 53-юм, Туркманистон – мақоми 86-ум ва Қирғизистон – дар ҷойи 110-ум қарор доранд.
Дар ин рейтинг артиши Афғонистон зинаи 66-умро касб кардааст.





