Дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе санаи 8 апрел намоишгоҳи маҳсулоти Покистон доир мегардад.
Тавре аз хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати тоҷирону соҳибкорони Покистон рӯзи 6 апрел ба Душанбе омада, ҳамин рӯз дар меҳмонхонаи «Серена» бо намояндагони мақомот ва сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ вомехӯранд.
Рӯзи панҷшанбе, 7 апрел дар меҳмонхонаи «Серена» ҳамоиши доираҳои кории Тоҷикистону Покистон дар соҳаи маҳсулоти саноати сабук баргузор шуда, ҳамин рӯз дар ҳамин меҳмонхона фестивали фарҳангии ҳарду кишвар барпо мешавад.
Рӯзи 8 апрел вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистону Покистон, ки дар бахши сохтмон машғули коранд, дар назар аст.





