Путин Гвардияи миллии Русияро таъсис медиҳад

Зимни вохӯрӣ бо вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев, сарфармондеҳи Қушӯнҳои дохилии ВКД Русия Виктор Золотов, директори Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари ин кишвар Виктор Иванов ва муовини аввали директори Хадамоти фелералии муҳоҷирати Русия Екатерина Егорова президенти ин кишвар Владимир Путин изҳор доштааст, ки дар заминаи Қушӯнҳои дохилии ВКД Гвардияи миллии Русия таъсис дода мешавад. […]

ASIA-Plus



Зимни вохӯрӣ бо вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев, сарфармондеҳи Қушӯнҳои дохилии ВКД Русия Виктор Золотов, директори Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари ин кишвар Виктор Иванов ва муовини аввали директори Хадамоти фелералии муҳоҷирати Русия Екатерина Егорова президенти ин кишвар Владимир Путин изҳор доштааст, ки дар заминаи Қушӯнҳои дохилии ВКД Гвардияи миллии Русия таъсис дода мешавад.

Бино ба

иттилои

хабаргузории РБК, президенти Русия гуфтааст, вазифаи ин сохтори нав мубориза бо терроризм ва ҷинояткории муташаккилона муқаррар шуда, ғайр аз ин, Гвардияи миллӣ «ба иҷрои вазифаҳои қаблан аз ҷониби Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН), Дастаи махсуси зудамал (СОБР) иҷромешуда ва дигар вазифаҳои дахлдор дар ин самт низ идома медиҳад».

Васоити ахбори умум бо такя ба матни фармони дар ин хусус интишоршуда дар торнамои Кремл хабар медиҳанд, ки ба сохтори нав генерал Виктор Золотов фармондеҳӣ хоҳад кард, ки қаблан аввал ба ҳайси роҳбари ҳайати посбонони шахсии президент ва сипас фармондеҳи Қушӯнҳои дохилии ВКД ифои вазифа мекард.

Гуфта мешавад, тибқи фармон мақоми роҳбари Гвардияи миллӣ ба мақоми вазир баробар буда, ба ӯ шаш муовин таъин карда мешаванд.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков дар суҳбат бо хабаргузорр РБК дар ин робита қайд кардааст, ки Гвардияи миллӣ мустақиман ба В.Путин тобеъ хоҳад буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.