Расидагии омбудсмен ба қазияи лату кӯби сарбоз

Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон далели лату кӯби сарбоз Меҳровар Мақсудов дар артишро, ки ба гуфтаи наздиконаш, аз ҷониби ҳамхизматҳояш лату кӯб шуда, сипас дар бемористони касалиҳои рӯҳӣ бистарӣ шудааст, мавриди санҷиш қарор дод. Дар сомонаи ин ниҳод дар ин робита қайд мешавад, ки санаи 26-уми марти соли ҷорӣ торнамои Радиои Озодӣ зери […]

ASIA-Plus



Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон далели лату кӯби сарбоз Меҳровар Мақсудов дар артишро, ки ба гуфтаи наздиконаш, аз ҷониби ҳамхизматҳояш лату кӯб шуда, сипас дар бемористони касалиҳои рӯҳӣ бистарӣ шудааст, мавриди санҷиш қарор дод.

Дар сомонаи ин ниҳод дар ин робита қайд мешавад, ки санаи 26-уми марти соли ҷорӣ торнамои Радиои Озодӣ зери унвони

«Наздикони Меҳровар аз Эмомалӣ Раҳмон кумак хостанд»

матлабе нашр намуд, ки дар он аз лату куб шудани сарбози қисми ҳарбии 08010-и Қўшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа Мақсудов М. хабар дода шудааст.

Гуфта мешавад, бо супориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон корманди масъули Дастгоҳи ВҲИ барои расидагӣ ба ин қазия ва санҷиши ҳолати воқеии сарбоз Меҳровар Мақсудов ба Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои руҳии ноҳияи Рўдакӣ сафарбар карда шудааст.

«Зимни санҷиш нахуст аз суханони кормандони Беморхона маълум гардид, ки санаи 22 марти соли 2016 сарбоз Мақсудов М. бинобар муайян намудани ҳолати руҳӣ ва гузаронидани экспертизаи психиатрӣ барои муоина бистарӣ шудааст. Ҳангоми муоинаи сарбоз Мақсудов М. дар бадани ў осору нишонаҳои лату кўб ошкор нашудааст», – қайд мешавад дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки сарбоз Мақсудов М. дар бинои 2-юми беморхона бистарӣ буда, зери назорати пизишкон қарор дорад. Зимни суҳбат Мақсудов М. низ мавриди лату кўб қарор гирифтанашро рад карда, иброз намудааст, ки нисбат ба ягон кас шикоят надорад.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба ин қазия Вазорати мудофиаи Тоҷикистон низ

изҳорот пахш намуда

, дар он зикр гардида буд, ки сарбози қаторӣ Меҳровар Мақсудов бо бемориҳои нейроинфексияи гузаронидашуда (гулафшон) бо аломатҳои астеникӣ, бо мақсади муоина дар бемористон бистарӣ шуда, ҳангоми муоина маълум карда шуд, ки дар бадани ӯ нишонаҳои лату кӯб, ҷароҳати бурида, хуномусии баъди латхурӣ ёфт нашудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.