А.Ғоиб: ҷарима барои қочоқбарон дучанд меафзояд

Зимни баррасии тағйироту илова ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар парлумон раиси Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Абдуфаттоҳ Ғоиб изҳор дошт, ки болоравии ҳаҷми ҷаримаҳо барои қочоқи молу маҳсулот ба Тоҷикистон ба хотири ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва соҳибкорони бовиҷдону боинсоф сурат мегирад, зимни вуруди бор ба кишвар аз хориҷа тамоми меъёрҳои қонунгузориро риоя мекунанд. Ба гуфтаи […]

ASIA-Plus



Зимни баррасии тағйироту илова ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар парлумон раиси Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Абдуфаттоҳ Ғоиб изҳор дошт, ки болоравии ҳаҷми ҷаримаҳо барои қочоқи молу маҳсулот ба Тоҷикистон ба хотири ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва соҳибкорони бовиҷдону боинсоф сурат мегирад, зимни вуруди бор ба кишвар аз хориҷа тамоми меъёрҳои қонунгузориро риоя мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи тағйирот минбаъд дар кишвар ҳаҷми ҷарима барои қочоқи бор то ҳаҷми арзиши маҳсулоти ғайриқонунӣ воридшуда боло меравад. Қаблан ин маблағ ба нисфи арзиши бори қочоқшуда баробар буд.

«Ғайр аз ин, бино ба тағйироти мазкур, воситаи нақлиёте, ки тариқи он молу маҳсулоти қочоқӣ ба кишвар ворид мешавад, ба нафъи давлат мусодира мешавад», – афзуд ӯ.

Мувофиқи дигар тағйирот ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ки имрӯз аз ҷониби вакилон дастгирӣ ёфт, барои рад кардани гирифтани пардохт тариқи корти пластикии бонкӣ дар ҳаҷми то 8 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар мешавад. Қаблан барои ин амал ҷарима вуҷуд надошт.

Ёдрас мекунем, ки Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 30 март

мавқуф гузоштани баррасии

бастаи тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро пешниҳод намуд.

Он замон ӯ аз он ошуфтагӣ изҳор намуд, ки барои қочоқи молу маҳсулот на гумрукчиён, ки «ба қочоқбарон дарҳоро боз мекунанд», балки соҳибкорон бори масъулият мекашанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.