ИМА: Ҳукуматҳои худкома ба фишор болои ҷомеаи шаҳрвандӣ тақвият бахшиданд

Департаменти давлатии ИМА гузориши ҳамасола доир ба вазъи риояи ҳуқуқи инсонро рӯзи 13 апрел дар Вашингтон муаррифӣ намуд. Бино ба иттилои Голос Америки, дар гузориш Вазорати корҳои хориҷии ИМА ҳукуматҳои худкома (авторитарӣ) дар саросари ҷаҳонро барои корбурди «нерӯи афзоянда ва барқасдона» дар амалисозии нақзи ҳуқуқи башар бо мақсади роҳандозии назорат аз болои ҳама гуна амали […]



Департаменти давлатии ИМА гузориши ҳамасола доир ба вазъи риояи ҳуқуқи инсонро рӯзи 13 апрел дар Вашингтон муаррифӣ намуд.

Бино ба

иттилои

Голос Америки, дар гузориш Вазорати корҳои хориҷии ИМА ҳукуматҳои худкома (авторитарӣ) дар саросари ҷаҳонро барои корбурди «нерӯи афзоянда ва барқасдона» дар амалисозии нақзи ҳуқуқи башар бо мақсади роҳандозии назорат аз болои ҳама гуна амали дорои хатари имконпазир барои ҳокимияти онҳо мавриди интиқод қарор додааст.

Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри дар пешгуфтори ин санад аз ҷумла қайд кардааст, ки дар Гузориши вазъи ҳуқуқи башар дар соли 2015 буҳрони сартосарӣ дар бахши идоракунии давлатӣ зикр шуда, «дар ҳамаи минтақаҳои дунё тамоили афзоянда ба маҳдуд кардани паҳно барои ҷомеаи шаҳрвандӣ, фишор болои озодии ВАО ва Интернет, таъқиби мухолифон ва дар ҳолатҳои ноилоҷӣ куштори одамон ё бесарпаноҳ мондани онҳо аз ҷониби ҳам сохторҳои давлатӣ ва ҳам ғайридавлатӣ ба мушоҳида мерасад.

«Бархе ба ин рӯйдодҳо назар карда, нигаронӣ мекунанд, ки демократия мавқеъашро аз даст медиҳад. Дар асл бошад, ин аксуламал ба пешбурди идеалҳои демократӣ, дархостҳои афзояндаи одамони тамоми навъи фарҳангу ҳама гуна минтақаҳост, ки хоҳишманди наздашон масъулият доштани ҳукуматҳо мебошанд», – гуфтааст Ҷ.Керри.

Дар гузориш ба масъалаҳои дағалона риоя нашудани ҳуқуқҳои инсон ва ҳуқуқҳои байнулмилалӣ, заъифшавии ниҳодҳои ҳомии ҳуқуқу озодиҳо, таъсири харобиовари коррупсия ба рушди демократия, фишори давлатҳои худкома болои ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.

Қайд мешавад, ки соли 2015 «дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон оид ба созмонҳои ғайриҳукуматӣ қонунҳо қабул шуданд, ки фазои фаъолияти сохторҳои шаҳрвандиро маҳдуд карда метавонанд». Зикр мегардад, дар Туркманистон чунин қонун аллакай мавҷуд аст.

Дар гузориш ба Русия таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда гуфта мешавад, ғасби нимҷазираи Қрим, ки моҳи марти соли 2014 сурат гирифт, давоми сол ба таъсири назаррасу манфӣ ба вазъ дар бахши риояи ҳуқуқи инсон идома бахшид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.