Раисони парлумонҳои Тоҷикистону Эрон ҷонибдори густариши ҳамкориҳо

Дар доираи иштирок дар кори машварати раисони парлумони кишварҳои АвруОсиё таҳти унвони «Ҳамкории байнипарлумонӣ ба манфиати некӯаҳволии муштараки кишварҳои минтақаи Авруосиё дар асри 21», ки дар Маскав мегузарад, имрӯз 20 апрел раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Алӣ Лориҷонӣ бо хоҳиши ӯ дидору гуфтушунид кард. Котиби матбуотии Маҷлиси […]



Дар доираи иштирок дар кори машварати раисони парлумони кишварҳои АвруОсиё таҳти унвони «Ҳамкории байнипарлумонӣ ба манфиати некӯаҳволии муштараки кишварҳои минтақаи Авруосиё дар асри 21», ки дар Маскав мегузарад, имрӯз 20 апрел раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Алӣ Лориҷонӣ бо хоҳиши ӯ дидору гуфтушунид кард.

Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Маскав ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар мулоқот асосан ба масоили марбут ба густариши робитаҳои байнипарлумонии дуҷониба таваҷчуҳ зоҳир шудааст.

Зимни вохӯрӣ Ш.Зуҳуров таъкид доштааст, ки миёни Тоҷикистону Эрон 160 шартномаву созишномаҳо дар соҳаҳои гуногун ба имзо расида, дар бозорҳои Тоҷикистон 5 ширкати эронӣ фаъолият доранд.

Дар мулоқот доир ба табодули таҷриба миёни парлумонҳои ҳарду кишвар дар бахши омодасозӣ, таҳлил ва ташхиси лоиҳаҳои қонунҳо тавофуқ ҳосил шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.