Гумонбарии тоҷикон дар қатли топ-менеҷери корхонаи бахши мудофиаи Русия



Дар шаҳри Перми Русия 2 шаҳрванди Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар қатли мудири тиҷоратӣ (топ-менеҷер)-и корхонаи бахши мудофиаи Русия – ҶП «Кирас» Юрий Чубаев боздошт шудаанд.

Бино ба

маълумоти

Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Перм, рӯзи 24 апрел ҷасади Юрий Чубарев бо аломатҳои марги маҷбурӣ ва зарбаҳои корд дар манзили зисташ дарёфт шуда, ба гумони содир намудани ин ҷиноят шаҳрванди 34-солаи хориҷӣ боздошт ва айни ҳол фарзияи дар ин ҷинят даст доштани боз ду шиноси ӯ санҷида мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба

иттилои

  ВАО-и маҳаллӣ, «ба гумони даст доштан дар куштор ду тоҷик боздошт шудаанд, ки ин ҷиноятро ба хотири соҳиб шудан ба смартфон ва 120 ҳазор маблағи пулӣ содир кардаанд».

Ҳамкорони марҳум ба

«В курсе.ру»

изҳор доштаанд, ки Юрий Чубаев яке аз муасссиони корхона маҳсуб ёфта, дар бунёд ва пешбурди маснӯоти нодир барои наҷоти ҳаёти одамон ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст ва ҳамчун роҳбари салоҳиятдору ташаббускор миёни ҳамкорон ва фармоишгарон обрӯву нуфузи хосса дошт.

spot_imgspot_img

Популярное