Боздиди вакилони парлумони Туркия аз сафорати Тоҷикистон



Вакилони мардумии Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия бо роҳбарии Раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Туркия ва Тоҷикистон санаи 25 апрели соли 2016 ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анкара ташриф оварданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот Сафири Тоҷикистон  Фаррух Шарипов  ба вакилони мардумии Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия оид ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  суханрони намуда, вазъи  иқтисодӣ-иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ, масъалаҳои обӣ-энергетикӣ, фарҳангӣ, илмии  Тоҷикистонро муарифӣ кард. Дар суҳбат Сафири Тоҷикистон аз вакилони мардумиии Туркия  ҷиҳати мусоидат барои густариши ҳамкориҳои  мутақобилан судманди дуҷонибаи даъват ба амал овард.

Раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Туркия ва  Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳмет Алӣ Ҷевҳерӣ аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба мусоидати гурӯҳии дӯстиро баён кард.

Меҳмет Алӣ Ҷевҳерӣ қайд намуд, ки дар моҳҳои наздик гурӯҳи соҳибкорони бонуфузи туркӣ ҷиҳати шиносоӣ аз лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон ба Душанбе сафар анҷом медиҳанд.

spot_imgspot_img

Популярное