Боздиди вакилони парлумони Туркия аз сафорати Тоҷикистон

Вакилони мардумии Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия бо роҳбарии Раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Туркия ва Тоҷикистон санаи 25 апрели соли 2016 ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анкара ташриф оварданд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот Сафири Тоҷикистон  Фаррух Шарипов  ба вакилони мардумии Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия оид ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу […]

ASIA-Plus



Вакилони мардумии Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия бо роҳбарии Раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Туркия ва Тоҷикистон санаи 25 апрели соли 2016 ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анкара ташриф оварданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот Сафири Тоҷикистон  Фаррух Шарипов  ба вакилони мардумии Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия оид ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  суханрони намуда, вазъи  иқтисодӣ-иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ, масъалаҳои обӣ-энергетикӣ, фарҳангӣ, илмии  Тоҷикистонро муарифӣ кард. Дар суҳбат Сафири Тоҷикистон аз вакилони мардумиии Туркия  ҷиҳати мусоидат барои густариши ҳамкориҳои  мутақобилан судманди дуҷонибаи даъват ба амал овард.

Раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Туркия ва  Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳмет Алӣ Ҷевҳерӣ аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба мусоидати гурӯҳии дӯстиро баён кард.

Меҳмет Алӣ Ҷевҳерӣ қайд намуд, ки дар моҳҳои наздик гурӯҳи соҳибкорони бонуфузи туркӣ ҷиҳати шиносоӣ аз лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон ба Душанбе сафар анҷом медиҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.