«Тоҷик Эйр» ба Пекин хатсайри мустақим боз мекунад

Рӯзи 2 майи соли равон аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» анҷом додани парвози нахустини ҳавопаймо тариқи хатсайри мустақими «Душанбе – Пекин – Душанбе» дар назар аст. Тавре аз хадамоти матбуоти ҶСК «Тоҷик Эйр» хабар доданд, ин масъала зимни мулоқоти роҳбарияти ҶСК «Тоҷик Эйр» бо намояндагони Бюрои сайёҳии ноҳияи худмухтори Синтсзян ва корпоратсияи «JIRUIXIANG»-и […]

ASIA-Plus



Рӯзи 2 майи соли равон аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» анҷом додани парвози нахустини ҳавопаймо тариқи хатсайри мустақими «Душанбе – Пекин – Душанбе» дар назар аст.

Тавре аз хадамоти матбуоти ҶСК «Тоҷик Эйр» хабар доданд, ин масъала зимни мулоқоти роҳбарияти ҶСК «Тоҷик Эйр» бо намояндагони Бюрои сайёҳии ноҳияи худмухтори Синтсзян ва корпоратсияи «JIRUIXIANG»-и Ҷумҳурии мардумии Чин дар Душанбе баррасӣ шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, парвозҳо тавассути ҳавопаймои бароҳати «Боинг 757» ҳафтае як маротиба  рӯзҳои душанбе сурат гирифта, давомнокии парвоз аз Душанбе ба  самти Пекин 5 соату 30 дақиқаро такшил медиҳад.

«Ифтитоҳи хатсайри мазкур натанҳо ба кам шудани вақти парвоз, балки ба сарфаи воситаҳои пулӣ низ имкон медиҳад, ки қаблан шаҳрвандони ҳарду кишвар барои то ба пойтахти давлатҳо расидан тариқи Урумчӣ харҷ мекарданд. Ғайр аз ин, хатсайр барои ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои Тоҷикистон Чин мусоидат мекунад. Барои шаҳрвандони ҳарду кишвар маҷмӯи имконоти зиёд ҳам барои истироҳату ҳам барои тиҷорат муҳайё хоҳад шуд», – гуфтанд дар «Тоҷик Эйр».

Қобили зикр аст, ки ширкати «Тоҷик Эйр» айни замон мунтазам ба кишварҳое хориҷие чун Ҳиндустон (Деҳлӣ), Чин (Урумчи), Эрон (Теҳрон), Қазоқистон (Алмаато), Қирғизистон (Бишкек) ва шаҳрҳои Русия (Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сургут ва Новосибирск) парвозҳо анҷом медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.