Рӯзи 2 майи соли равон аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» анҷом додани парвози нахустини ҳавопаймо тариқи хатсайри мустақими «Душанбе – Пекин – Душанбе» дар назар аст.
Тавре аз хадамоти матбуоти ҶСК «Тоҷик Эйр» хабар доданд, ин масъала зимни мулоқоти роҳбарияти ҶСК «Тоҷик Эйр» бо намояндагони Бюрои сайёҳии ноҳияи худмухтори Синтсзян ва корпоратсияи «JIRUIXIANG»-и Ҷумҳурии мардумии Чин дар Душанбе баррасӣ шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, парвозҳо тавассути ҳавопаймои бароҳати «Боинг 757» ҳафтае як маротиба рӯзҳои душанбе сурат гирифта, давомнокии парвоз аз Душанбе ба самти Пекин 5 соату 30 дақиқаро такшил медиҳад.
«Ифтитоҳи хатсайри мазкур натанҳо ба кам шудани вақти парвоз, балки ба сарфаи воситаҳои пулӣ низ имкон медиҳад, ки қаблан шаҳрвандони ҳарду кишвар барои то ба пойтахти давлатҳо расидан тариқи Урумчӣ харҷ мекарданд. Ғайр аз ин, хатсайр барои ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои Тоҷикистон Чин мусоидат мекунад. Барои шаҳрвандони ҳарду кишвар маҷмӯи имконоти зиёд ҳам барои истироҳату ҳам барои тиҷорат муҳайё хоҳад шуд», – гуфтанд дар «Тоҷик Эйр».
Қобили зикр аст, ки ширкати «Тоҷик Эйр» айни замон мунтазам ба кишварҳое хориҷие чун Ҳиндустон (Деҳлӣ), Чин (Урумчи), Эрон (Теҳрон), Қазоқистон (Алмаато), Қирғизистон (Бишкек) ва шаҳрҳои Русия (Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сургут ва Новосибирск) парвозҳо анҷом медиҳад.





