Ду задухӯрди мусаллаҳона дар марз бо Афғонистон

Дар ҷараёни задухӯрди мусаллаҳонаи шаби 25 ба 26 апрел, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон миёни сарҳадбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон ба вуқӯъ пайваст, ду нафар марзшиканон кушта ва се нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки шаби 25 ба 26 апрел дар қитъаи марзии […]

ASIA-Plus



Дар ҷараёни задухӯрди мусаллаҳонаи шаби 25 ба 26 апрел, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон миёни сарҳадбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон ба вуқӯъ пайваст, ду нафар марзшиканон кушта ва се нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки шаби 25 ба 26 апрел дар қитъаи марзии дастаи сарҳадбонии «Ҳамадонӣ» гурӯҳи иборат аз 16 нафар қочоқбарони афғон марзро убур ва ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуданӣ будаанд.

«Онҳо ба огоҳии марзбонон итоат накарда, задухӯрди мусаллаҳона сурат мегирад, ки дар натиҷа ду қочоқбар куштаву се тан аз онҳо захмӣ ва боқимонда ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурдаанд», – иброз дошт ӯ.

Қайд шуд, ки дар макони ҳодиса 60 кило маводи мухаддири ҳашиш, 5 кило афюн, 1 адад автомати Калашников бо 3 адад тирдон, 80 дона тирҳои қутрашон гуногун  ва 1 адад норинҷаки дастӣ дарёфт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, шаби 23 апрел низ дар ҳамин қитъаи марзи давлатӣ миёни марзбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваста, як марзшикан захмӣ ва дигар қочоқбарон дар қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурдаанд. «Дар ҷойи ҳодиса 20 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт шуд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки далелҳои мазкур мавриди санҷишу таҳқиқ қарор дода шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.