Амрикоиҳо ба омӯзиши ДТММ-и Тоҷикистон идома медиҳанд

Имрӯз, 28-уми апрел сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Гурӯҳи зудамал дар ҳолатҳои фавқулодаи Дастаи таъиноти махсуси милитсияи (ДТММ) Вазорати корҳои дохилӣ машқҳо оид ба таъмини тадбирҳои амниятӣ гузаронд. Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ иттилоъ доданд, машқҳои мазкур авҷи давраи омӯзишии сеҳафтина шуданд, ки аз ҷониби Барнома оид ба мусоидат алайҳи терроризм […]

Иттилоияи расмӣ



Имрӯз, 28-уми апрел сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Гурӯҳи зудамал дар ҳолатҳои фавқулодаи Дастаи таъиноти махсуси милитсияи (ДТММ) Вазорати корҳои дохилӣ машқҳо оид ба таъмини тадбирҳои амниятӣ гузаронд.

Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ иттилоъ доданд, машқҳои мазкур авҷи давраи омӯзишии сеҳафтина шуданд, ки аз ҷониби Барнома оид ба мусоидат алайҳи терроризм назди Департаменти давлатии ИМА барои баланд бардоштани иқтидору омодагии кормандони ДТММ-ро ба ҳолатҳои фавқулода маблағгузорӣ шуд.

Ба иттилои манбаъ, давраи омӯзишии мазкур аз мавзӯъҳои зерин иборат буд:  муайян кардани мавқеи худ дар мавзеъҳои гуногун, муҳориба аз масофаи наздик, моҳирона идора кардани воситаи нақлиёт дар ҳолатҳои фавқуллода ва раҳо кардани гаравгонон.

Зимнан зикр гардид, ки ин яке аз силсилаи машқҳои банақшагирифта мебошад, ки Сафорати ИМА дар ҳамкорӣ бо ДТММ хоҳад гузаронд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.