Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати ҷангалбони Ҳисор барои буридани акатсия

Мақомоти прокуратура нисбати ҷангалдори хоҷагии ҷангали ноҳияи Ҳисор А.Бобокалонов барои ғайриқонунӣ буридани дарахтон мутобиқи моддаи 234-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ғайриқонунӣ буридани дарахт  ва буттаҳо) парвандаи ҷиноӣ боз намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, ҷангалбон бо истифода аз мақоми хизматӣ ахири соли гузашта дар ҷангалзори минтақаи Алмосӣ ду адад дарахти дар сабзиш қарордоштаи […]

ASIA-Plus



Мақомоти прокуратура нисбати ҷангалдори хоҷагии ҷангали ноҳияи Ҳисор А.Бобокалонов барои ғайриқонунӣ буридани дарахтон мутобиқи моддаи 234-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ғайриқонунӣ буридани дарахт  ва буттаҳо) парвандаи ҷиноӣ боз намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, ҷангалбон бо истифода аз мақоми хизматӣ ахири соли гузашта дар ҷангалзори минтақаи Алмосӣ ду адад дарахти дар сабзиш қарордоштаи навъи акатсияро ғайриқонунӣ бурида, ба  хоҷагии ҷангал 1 ҳазору 560 сомонӣ зарар расонидааст.

Мутобиқи меъёрҳои ин модда, ба ҷангалбон ҷарима дар ҳаҷми 32 то 40 ҳазор сомонӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ё бидуни он ё ҳабс ба муҳлати аз ду то шаш моҳ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.