Суди шаҳри Маскав муҳлати ҳабси Гулчеҳра Бобоқуловаро, ки ба қатли духтарчаи 4-сола дар Маскав моҳи феврали соли равон айбдор карда мешавад, боз як моҳи дигар дароз кард.
ВАО-и Русия дар ин робита менависанд, худи зан дар ҷаласаи суд ҳикоят кардааст, ки дар ватанаш – Ӯзбекистон аз бемории маҷзубият (шизофрения) табобат гирифта, дар қайди дармонгоҳи касалиҳои рӯҳӣ дар Самарқанд қарор доштааст.
Вақте аз ӯ дар бораи бемории рӯҳӣ доштанаш мепурсанд, ӯ муҷмалона чунин посух медиҳад: «Бале ман дар дармонгоҳи касалиҳои рӯҳии Самарқанд дар қайд будам. Чор моҳ шабонарӯзӣ хоб накардаам. Дар дармонгоҳ ду ҳафта табобат гирифтам, гуфтанд, ки ин беморӣ ба дармонгоҳи мо дахл надорад».
Маҳз чӣ гуна ташхис гузоштан ба бемории Бобоқулова номаълум боқӣ мемонад, зеро худи ӯ инро номбар карда натавонистааст, вале дар мавриди тарзу усулҳои табобат дар дармонгоҳи Самарқанд изҳор доштааст, ки ба ӯ ҳаб (таблетка) дода, се рӯз сураҳои Қуръонро хондаанд.
Гуфта мешавад, пас аз ташхиси рӯҳӣ Гулчеҳра Бобоқулова ба бемористони рӯҳии Тавқифгоҳи муваққатии-2-и зиндони «Бутирка» гузаронида шудааст.
Ёдрас мекунем, ки Гулчеҳра Бобоқуловаро пулиси Русия рӯзи 29 феврал бо сари буридаи кӯдак ва нидои “Аллоҳ Акбар!” дар назди истгоҳи метрои Маскав дастгир кард. Ин зан, ки либоси сиёҳ дар тан ва рӯймоли исломӣ дар сар дошт, ба гуфтаи шоҳидон, каллаи кӯдаки кушташударо алвонҷ медод.
Суди Пресненскии шаҳри Маскав дар бораи ба муддати ду моҳ, то 29 апрел ба ҳабс гирифтани Гулчеҳра Бобоқулова, ки рӯзи 29 феврал духтарчаи 4-соларо ба қатл расонид,
қарор қабул кард
.
Ҳамчунин ВАО
иттилоъ дода буданд
, ки шаҳрванди Ӯзбекистон Гулчеҳра Бобоқулова бо шаҳрванди Тоҷикистон муносибат дошта, ин шахс ба ӯ афкори динии ифротгароиро талқин мекардааст.
Аввали моҳи апрел дар шабакаи интернет
навори видео мунташир шуд
, ки дар он гӯё гуфтугӯи дояи гумонбар ба қатли кӯдак дарҷ ёфтааст. Дар сабт зан Гулчеҳра Бобоқулова муаррифӣ шуда, рафтори худро ҳамчун қасосгирӣ барои бомбаборонкунии Сурия шарҳ медиҳад.



