БҶ: Камбизоатони Тоҷикистон рӯзгорашонро бо фурӯши амвол таъмин мекунанд

Дар таҳқиқоти нави хонаводаҳо таҳти унвони «Гӯшдиҳӣ ба Тоҷикисон «(Слушая Таджикистан)-и Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) қайд мешавад, ки дар шароити буҳрон аҳолии аз ҳама камтар таъмини Тоҷикистон барои ба як гунае таъмин кардани талаботҳои асосии худ, ба фурӯши амволашон маҷбуранд. «Ҳиссаи хонаводаҳое, ки барои қонеъ намудани талаботҳои асосӣ амволи худро мефурӯшанд, аз моҳи октябр беайлон афзуда, […]

ASIA-Plus



Дар таҳқиқоти нави хонаводаҳо таҳти унвони «Гӯшдиҳӣ ба Тоҷикисон «(Слушая Таджикистан)-и Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) қайд мешавад, ки дар шароити буҳрон аҳолии аз ҳама камтар таъмини Тоҷикистон барои ба як гунае таъмин кардани талаботҳои асосии худ, ба фурӯши амволашон маҷбуранд.

«Ҳиссаи хонаводаҳое, ки барои қонеъ намудани талаботҳои асосӣ амволи худро мефурӯшанд, аз моҳи октябр беайлон афзуда, моҳи март миёни 40% аҳолии аз ҳама камтар таъмин ба беш аз 17% расид», – қайд мекунанд муаллифон.

Таъкид мешавад, ки моҳи январи соли равон ҳиссаи хонаводаҳои қобили харидории маҳсулоти ғизойии кофӣ то 53% босуръа коҳиш ёфт, ки дар тамоми давраи таҳқиқот нишондиҳандаи пасттарин мебошад, аммо моҳи март он каме боло рафта, 61%-ро ташкил додааст.

«Ҳиссаи хонаводаҳое, ки хароҷот ба хизматгузории тиббиро барои қонеъ намудани талаботҳои асосӣ кам карданд, моҳи январ қариб то ба 44% расида, аз моҳи январ то март дар ин самт тамоили пастравӣ ба мушоҳида мерасад», – зикр мегардад дар таҳқиқот.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.