Ҳаким Фузайлов сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон таъин шуд

Собиқ ҳимоятгари маъруфи дастаи «Помир»-и Душанбе, муовини роҳбари департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Ҳаким Фузаййлов сармураббии нави мунтахаби футболи Тоҷикистон таъин шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, назди мутахассиси 51-сола вазифа гузошта шудааст, ки роҳ ёфтани мунтахаби Тоҷикистон ба даври ниҳоии мусобиқаи Ҷоми Осиёро, ки соли 2019 дар Амороти Муттаҳидаи Араб доир мегардад, […]

ASIA-Plus



Собиқ ҳимоятгари маъруфи дастаи «Помир»-и Душанбе, муовини роҳбари департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Ҳаким Фузаййлов сармураббии нави мунтахаби футболи Тоҷикистон таъин шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, назди мутахассиси 51-сола вазифа гузошта шудааст, ки роҳ ёфтани мунтахаби Тоҷикистон ба даври ниҳоии мусобиқаи Ҷоми Осиёро, ки соли 2019 дар Амороти Муттаҳидаи Араб доир мегардад, таъмин кунад.

Бозии нахустини мунтахаби Тоҷикистон тати раҳбарии Ҳаким Фузайлов 2 июни соли равон доир мегардад, ки дар ин бозӣ футболбозони тоҷик дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими Бангладеш қувваозмоӣ мекунанд. Бозии ҷавобӣ санаи 7 июн дар майдони ҳариф баргузор меешавад. Ғолиби ин ҷуфт ба ба мусобиқаи интихобии даври гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 роҳ меёбад.

«Талош мекунем, ки ба иҷрои ҳамаи вазифаҳои дар наздамон гузошташуда ва пеш аз ҳама роҳхат гирифтан ба Ҷоми Осиё-2019 ноил гардем. Мутмаинам, ки мунтахаби мо аз уҳдаи иҷрои ин вазифа комилан мебарояд», – гуфтааст Фузайлов ба сомонаи расмии ФФТ баъди таъин шудан ба ин вазифа.

Дар ҳамин ҳол, сармураббии нави мунтахаби футболи Тоҷикистон рӯзи 3 май ба намояндагони ВАО муаррифӣ мешавад. Нишасти хабарӣ бо иштироки ӯ дар толори конфронси ФФТ баргузор мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.