Дар назди Вазорати нақлиёти Тоҷикистон воҳиди нави сохторӣ таъсис дода шуд, ки ба масоили таъмиру истифодабарии роҳҳои автомобилгард дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машғул хоҳад шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 30 апрели соли ҷорӣ дар тобеи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Бадахшонроҳсоз» таъсис дода шуд.
Қайд мешавад, ки корхонаи мазкур бо мақсади беҳтар намудан ва сари вақти бартараф намудани офатҳои табиӣ, ҳамзамон сохтмон ва таъмири роҳҳои автомобилгард ва иншооти он таъсис дода мешавад.
«Фаъолияти асосии КВД «Бадахшонроҳсоз» иҷрои корҳои роҳсозӣ таҷдиду таъмири роҳҳои автомобилгард ва иншооти он мебошад», – омадааст дар хабари Вазорат.



