Анҷоми парвози нахустин бо хатсайри ҳавоии Душанбе – Лоҳур

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол хатсайри нави Душанбе-Лоҳур-Душанберо роҳандозӣ намуд. Парвози нахустин ба самти Лоҳур санаи 6-уми майи соли 2016 тавассути ҳавопаймои Боинг 737-900 анҷом дода шуд. Тавре аз хадамоти матбуоти ширкати «Сомон Эйр» иттилоъ доданд, дар маросими ифтитоҳи хатсайр Директор оид ба тиҷорати ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Эҷаз Хан, вазири нақлиёти […]

Иттилоияи расмӣ



Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол хатсайри нави Душанбе-Лоҳур-Душанберо роҳандозӣ намуд. Парвози нахустин ба самти Лоҳур санаи 6-уми майи соли 2016 тавассути ҳавопаймои Боинг 737-900 анҷом дода шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти ширкати «Сомон Эйр» иттилоъ доданд, дар маросими ифтитоҳи хатсайр Директор оид ба тиҷорати ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Эҷаз Хан, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерали Ганҷалзода, сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро, роҳбари Палатаи Савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Бо хатсайри нахустин ба шаҳри Лоҳур 54 нафар ва аз Лоҳур ба Душанбе 29 нафар мусофирон интиқол дода шуданд. Дар маросимҳои ифтитоҳи хатсайр дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Лоҳур қайд гардид, ки роҳандозии хатсайри мазкур ба таҳкими муносибатҳои мутақобила мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин зикр гардид, ки дигар барои расидан аз Душанбе ба Лоҳур ва аз Лоҳур ба Душанбе сарфи зиёди вақт – 24 соат лозим нест. Маблағи роҳкиро низ сарфа мешавад.

Парвозҳо ба дуввумин шаҳри бузурги Покистон ва маркази фарҳангии ин кишвар ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои душанбе ва ҷумъа иҷро мешаванд. Кулли парвозҳо тариқи ҳавопаймоҳои Боинг 737 сурат мегиранд. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба сӯи Лоҳур 1 соату 30 дақиқа ташкил медиҳад.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳамчунин тасмим дорад рӯзҳои наздик боз як хатсайри нав – Душанбе-Теҳрон-Душанберо ифтитоҳ намояд. Парвозҳо дар ин хатсайр ҳафтае ду маротиба иҷро хоҳанд шуд. Дар айни замон «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Душанбе ба самти Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия, Қазоқистон, Покистон ва Афғонистон анҷом медиҳад. Парки ҳавопаймоии ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.