Конфронси USAID оид ба амалисозии қонуни нав дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ

Иттилоияи расмӣ



Лоиҳаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон конфронсеро доир намуд, ки дар он масъалаи амалисозии қонуни нав оид ба фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Президент Эмомалӣ Раҳмон қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)”-ро рӯзи 15 марти соли ҷорӣ ба имзо расонд. Қонуни мазкур хоҷагиҳои деҳқониро ба ҳайси шахси ҳуқуқӣ эътироф намуда, ҳуқуқи саҳҳомони коллективии хоҷагиҳои деҳқониро мустаҳкам менамояду онро шарҳ медиҳад. Қонун идоракунии хоҷагиҳои деҳқониро беҳтар гардонда, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои саҳмдорони онро муайян мекунад.

Ҳамчунин қонун ба деҳқонон иҷозат медиҳад, ки дар замини хоҷагиашон ба таври қонунӣ бошишгоҳҳои саҳроӣ созанд ва ба ин васила дар авҷи мавсими киштукор ба ҳосилнокии меҳнати бештар ноил гарданд. Бар асари тағйироти мазкур ҳосилнокии соҳаи кишоварзӣ афзун хоҳад шуд, зеро ҳифзи ҳуқуки истифодабарии заминҳои деҳқонон беҳтар гашта, онҳо барои беҳтар намудани инфрасохтори заминҳояшон, кишт кардани зироатҳои бисёрсола, бунёди боғҳо ва сохтани гармхонаҳо ҳавасманд мешаванд.

Ҳукумати ИМА ба воситаи лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ ба гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба идоракунии замин барои қабули қонун “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” кӯмаки техникӣ ироа намуд. Иштирокчиёни лоиҳа ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дар минтақаҳои гуногун сафарҳои зиёд намуданд, ки ҳамаи мушкилоту талаботи деҳқонон дар қонуни нав ҳалли худро пайдо намоянд. Ҳамчунин лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ барои ҳуқуқшиносон ва кормандони ҳукуматӣ маълумотнома бо шарҳи қонуни мазкур ва усулҳои татбиқи он нашр намуд.

Аз соли 2005 инҷониб Ҳукумати ИМА ба воситаи USAID фаъолона аз ислоҳоти замин ҷонибдорӣ намуда, ба ҳукумати Тоҷикистон дар беҳтар намудани қонуну тартиб вобаста ба истифодаи замин кӯмак расондааст, то деҳқонони тоҷик тавонанд маҳсулнокиашонро ҳар чӣ бештар афзун намоянд. Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи кишоварзиро асоси иқтисоди кишвар меҳисобад, ки он аксари сокинони деҳотро бо ҷойҳои корӣ таъмин намуда, барояшон воситаи асосии дарёфти ғизо ва даромад мебошад. Қабули қонун “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” як қадами нави бомуваффақият дар роҳи таҳкими истифодабарии баробарҳуқуқии замин дар Тоҷикистон аст.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...