Лоиҳаи DVV International баҳри беҳбуди дастрасии ҷавонон ба касбомӯзӣ

Иттилоияи расмӣ



Моҳи марти соли 2015, бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо Намояндагии институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои мардумии Олмон (DVV International) як лоиҳаи нави 3-соларо бо номи «Тавсеаи ваколатҳои ҷавонон оид ба рушди устувор ва тағйирот” оғоз намуд, ки он дар доираи барномаи “Ширкат дар сулҳофаринӣ”-и Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешавад.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ иттилоъ доданд, лоиҳаи мазкур аз тарафи Иттиҳоди Аврупо (80%) ва Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (20%), маблағгузорӣ мешавад. Фаъолияти лоиҳа 7 ноҳияҳои ВМКБ ва маркази он – шаҳри Хоруғро дар бар мегирад.

Яке аз вазифаҳои Лоиҳа тақвияти  зарфияти ташкилии Маркази вилояти таълими калонсолони Бадахшон оид ба таълими касбии ҷавонон дар ҳамаи 7 шаҳру ноҳияҳо мебошад. Барои ноил шудан ба ин, лоиҳа дар илова ба такмили ҳамаҷонибаи зарфияти инсонии Марказ, тавассути тадриси ҳайати шахсии он оид ба: а) “Муайян намудани эҳтиёҷот ба омӯзиш касбӣ дар бозори маҳаллии меҳнат”; б) «Рушди захираҳои инсонӣ»; в) «Банақшагирии стратегӣ»; г) “Курсҳои таълимӣ оид ба 4 касб” ва д) Таъсиси гурӯҳи 16 нафараи мураббиён оид ба 4 адад курсҳои сайёри касбӣ, мақсад гузоштааст, ки зарфият ва базаи моддию техникии МТК-ро тақвият бахшад.

Ин иқдом тавассути ҳадя кардани 2 адад автомашина,  тамоми асбобу олоти кории марбут ба 4 касб ва инчунин дастурҳои таълимиву методӣ оид ба онҳо ба хотири ба роҳ мондани барномаи курсҳои касбомӯзии сайёр дар ҳамаи ноҳияҳо амалӣ карда мешавад. Илова бар ин, Лоиҳа тамоми хароҷотҳои нигаҳдорӣ ва кори воситаҳои нақлиётро дар тӯли фаъолияти худ ба ӯҳда мегирад.

Ба роҳ мондани барномаи сайёри курсҳои касбӣ, дастрасии ҷавонони минтақаҳои дурдастро ба таҳсилоти касбӣ беҳтар мекунад. Барнома тадриси 560 нафар ҷавононро аз 7 ноҳияи вилоят оид ба 4 касби тариқи тадқиқот ҳамчун зарурӣ муқарраргардида ба нақша гирифтааст.

Ҷавонони ин барномаро хатмкарда метавонанд ҳамчунин аз 2 бахши дигари ҳамин лоиҳа ҳам манфиат гиранд ва дар онҳо иштирок кунанд: бахши “Дастрасии ҷавонон ба барномаи грантии “Бизнеси худро шурӯъ намо”, ки аз тарафи та ташкилоти ҷамъиятии маҳаллии «Мадина» (шарики Лоиҳа) амалӣ карда мешавад ва ҳамчунин барномаи омӯзиш ва грантии «Маърифати шаҳрвандӣ», ки аз тарафи ташкилоти дигари ҷамъиятии маҳаллии «Қалам» амалӣ карда мешавад.

Рӯзи 12 маи соли 2016 Лоиҳа бо иштироки намояндагони ташкилотҳои маблағгузор ва ҳукумати вилоят ресурсҳои техникӣ ва моддии дар боло зикршударо ба МТК месупорад. 

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...