Дидору гуфтушунидҳои Эмомалӣ Раҳмон дар Кувайт



Дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо

собиқ Сарвазири ин Давлат

шайх Носир Муҳаммад ас-Сабоҳ мулоқот кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот аз нақши фаъоли собиқ Сарвазири Давлати Кувайт дар густариши соҳибкории фарохмиқёс ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Кувайт ёдоварӣ шуда, таъкид гардид, ки дар доираи ин сиёсат имрӯз барои ба марҳалаи сифатан нав ворид гаштани муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Кувайт имконият ва заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.

Дар шаҳри Ал Кувайт Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо

мушовири Девони Амири Давлати Кувайт

, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Намояндаи Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ мулоқот кард.

Зимни мулоқот масоили марбут ба идомаи манфиатбахши ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди байналмилалии хайрияи исломии Кувайт мавриди баррасӣ қарор дода шуда, таъкид гардид, ки суҳбату музокироти сатҳи олии ду ҷониб ва санадҳое, ки дар чаҳорчӯбаи ду сафари қаблӣ ва сафари навбатии расмии Президенти Тоҷикистон ба Давлати Кувайт ба имзо расидаанд, заминаи созандаи сиёсӣ ва ҳуқуқии ҳамкории дуҷонибаро таъмин карда барои фарогирии доираи бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ имконияти васеъ фароҳам овардааст.

Сипас Президенти Тоҷикистон бо

вазири Девони Амири Давлати Кувайт

шайх Носир Сабоҳ ал-Аҳмад ас-Сабоҳ мулоқот карда, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба иштироки доираи соҳибкории Кувайт дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки гидронэргетикӣ, нақлиёту комуникатсионӣ ва коркарди канданиҳои фоиданоки кӯҳии Тоҷикистон табодули афкор карданд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар мулоқот масоили саҳмгузории фаъол дар бунёди корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла чорводорию асалпарварӣ , содироту меваю сабзавоти хушсифат ва оби нӯшокии босафои Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.   

spot_imgspot_img

Популярное