Мақомоти шаҳрдории Душанбе эълон кард, ки ба бинову манзилҳои воқеъ дар баъзе кӯчаҳои марказии пойтахт интиқоли оби ошомиданӣ қатъ мешавад. Бинобар сабаби таъмири низоми обтаъминкунӣ, қатъи интиқоли об аз соати 8-и субҳи 18 май то соати 8-и субҳи 19 май сурат мегирад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, дар ин фосилаи вақт интиқоли оби ошомиданӣ ба бинову манзилҳои воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Бохтар, Мирсаид Миршакар, дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва чойхонаи «Роҳат» қатъ мегардад.
Дар ин робита раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва роҳбари КВД «Обу корези Душанбе» дастур додааст, ки бо истифода аз автомашинаҳои обкаш баҳри таъмини шаҳрвандон бо оби ошомиданӣ тадбирҳо андешанд.





