Ихроҷи 7 тоҷикистонии иштирокчии занозанӣ аз Русия

Суди Шербинскии Маскав дар бораи ихроҷи 7 шаҳрванди Тоҷикистон аз қаламрави Русия, ки дар занозании оммавӣ дар оромгоҳи Хованское ҳузур доштаанд, қарор қабул кард. Хабаргузории ТАСС дар ин робита менависад, 15 май бо қарори суд 7 шаҳрванди Тоҷикистон аз қаламрави Русия хориҷ карда шудаанд. «Ҳамаи онҳо ба риоя накардани қоидаҳои вуруд ё будубош дар қаламрави […]

ASIA-Plus



Суди Шербинскии Маскав дар бораи ихроҷи 7 шаҳрванди Тоҷикистон аз қаламрави Русия, ки дар занозании оммавӣ дар оромгоҳи Хованское ҳузур доштаанд, қарор қабул кард.

Хабаргузории

ТАСС

дар ин робита менависад, 15 май бо қарори суд 7 шаҳрванди Тоҷикистон аз қаламрави Русия хориҷ карда шудаанд. «Ҳамаи онҳо ба риоя накардани қоидаҳои вуруд ё будубош дар қаламрави ин кишвар гунаҳкор дониста шуда, пас аз ҳодисаи занозании оммавӣ дар қабристони Хованское боздошт шуда буданд», – иброз доштааст сухангӯи суд Светлана Бехтина.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки суди Шербинскии Маскав рӯзи 17 май ба 22 нафар иштирокчиёни занозании оммавӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав

ба муҳлати 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ

ҷазо таъин кард. Аз ин шумор ду нафар қонуншиканон шаҳрвандони Русия ва боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Дар ҷараёни ин моҷаро се тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шуда, ҷасади Сӯҳроб Хушакови 26-сола, Иноят Ризоеви 39-сола ва Сайнуриддин Собирови 42-сола субҳи 18 май тавассути ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр”

ба Душанбе оварда шуд.

Вобаста ба қазияи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони фавтидагон

изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият намуд.

Рӯзи сешанбе сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ иттилоъ дод, ки аз 110 нафар шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон дар робита ба ин қазия 87 нафар раҳо шуда, 10 нафар тоҷикистониён то ҳанӯз дар муассисаҳои тиббӣ бистарианд. Се тан аз онҳо дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.