Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 16 майи соли равон маросими рӯнамои лоиҳаи нақшаи генералии рушди Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд (ФБХ) баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, дар ин маросим намояндагони Вазорати нақлиёт, Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Тоҷикистон, ширкати «Корпорэйт Солюшнз» (Британияи Кабир), ҳамчунин даъватшудагон аз Бонки осиёгии рушд ҳузур доштанд.
Таъкид гардид, ки таҷдиди ФБХ бо кумаки молиявии БАТР ва ҳиссаи ҶСК ФБХ ба роҳ монда шуда, дар доираи лоиҳа 5 сентябри соли 2014 байни Фурудгоҳи Хуҷанд ва ширкати консалтингии «Корпорэйт Солюшнз» ҷиҳати таҳияи «Нақшаи генералии рушди фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» қарордод ба имзо расида буд.
Гуфта мешавад, пас аз муаррифӣ ва таҳлилу баррасии лоиҳа ба Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ супориш дода шуд, то мутобиқи тартиби муқарраршуда роҷеъ ба мувофиқаи нақшаи генералӣ, бо вазорату корхонаҳои марбута тадбирҳои зарурӣ биандешанд.





