СБМ мушкили савдои одамонро аз саҳнаи театр пешкаш мекунад

Садҳо сокини вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Бадахшон огаҳии худро доир ба хатарҳои савдои одамон дар чаҳорчӯбаи як силсилаи намоишномаҳои театрӣ, ки аз ҷониби ҳунарманди шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев ва гуруҳи ӯ таҳия мешавад, боло мебаранд. Нахустин намоиш аз ин силсила имрӯз, 20-уми май, дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор мегардад. Ин силсилаи намоишномаҳои театрӣ дар чаҳорчӯбаи […]



Садҳо сокини вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Бадахшон огаҳии худро доир ба хатарҳои савдои одамон дар чаҳорчӯбаи як силсилаи намоишномаҳои театрӣ, ки аз ҷониби ҳунарманди шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев ва гуруҳи ӯ таҳия мешавад, боло мебаранд. Нахустин намоиш аз ин силсила имрӯз, 20-уми май, дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор мегардад.

Ин силсилаи намоишномаҳои театрӣ дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи USAID оид ба шаъну эътибор ва ҳуқуқҳо баргузор мегарданд. Лоиҳаи мазкурро Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) амалӣ менамояд ва иҷрои он бо мусоидати мардуми Амрико тавассути Оҷонсии ИМА доир ба рушди байнулмилалӣ (USAID) имконпазир гардидааст.

Силсилаи иборат аз се намоишномаи театрӣ доир ба ҳуқуқи инсон ва мубориза бар зидди савдои одамон бинандагонро бо мушкили савдои одамон шинос карда, доир ба роҳҳои эмин нигаҳ доштани худ ва оилаву дӯстон аз занҷираҳои макри ҷинояткорон маълумот медиҳад.

Намоишномаҳо мушкилоти мубрами навъҳои ҳозираи савдои одамон ва мубориза бо онро тасвир мекунанд. Ҳарчанд, қиссаҳо комилан маҳсули хаёли ҳунармандон буда, ҳама гуна монандии эҳтимолӣ бо саргузаштҳои воқеъӣ комилан тасодуф аст, онҳо нишон медиҳанд, ки бо даҳҳо қурбонии савдои одамон чӣ рух дода ва бо ҳар нафар чӣ ҳодиса метавонад рух бидиҳад, агар эҳтиёт накунад. Намоишномаҳо, бавижа ҷавонону бонувонро ҳадаф қарор додааст, чун онҳо махсусан ба гирифторӣ ба савдои одамон ва истисмор осебпазиранд, зеро доир ба шароити кору зиндагӣ ва қонунҳо дар кишвари бегона маълумоти кофӣ надоранд, ҳуқуқи худро ба қадри кофӣ намедонанд ва худро қонунан ҳимоя карда наметавонанд.

Намоишномаҳои театрии қаблӣ, ки СБМ Тоҷикистон созмон дода буд, ба истиқболи гарми ҳукуматҳои маҳаллӣ ва мардуми одӣ рӯбарӯ гардида, таваҷҷуҳи зиёд ва хоҳишҳои мукаррари идомаи спектаклҳоро ҷалб карда буд.

Даромад ба намоишномаҳо озод мебошад ва мо ҳамаи хоҳишмандонро ба дидани маҳорати олии ҳунармандон даъват мекунем. Рӯзи 20-уми май, соати 14:00, шаҳри Қурғонтеппа, театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов.

Ҳадафи умумии лоиҳа баланд бардоштани огаҳии мардум, махсусан, муҳоҷирони корӣ, доир ба ҳуқуқашон, ва тавонмандсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ҳимояи ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи муҳоҷирон, муҳоҷирони эҳтимолӣ ва аҳли оилаи онҳо, ва дар маҷмӯъ, ҳуқуқи аҳолӣ мебошад.   

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.