Талаби истирдоди «хоинони ватан» аз Иттиҳоди Аврупо

Як гурӯҳи занони тоҷики либоси азодорӣ  пӯшида ва ҷавонон рӯзи 19 май назди дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Душанбе гирдиҳам омада, аз дипломатҳои аврупоӣ тақозо кардаанд, ки «хиёнаткорони ватан» ба ихтиёри Тоҷикистон дода шаванд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ , эътирозгарон дар даст акси чанде аз қурбониёни ҳамлаҳои хунини моҳи сентбяри 2015 дар Душанбеву […]

ASIA-Plus



Як гурӯҳи занони тоҷики либоси азодорӣ  пӯшида ва ҷавонон рӯзи 19 май назди дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Душанбе гирдиҳам омада, аз дипломатҳои аврупоӣ тақозо кардаанд, ки «хиёнаткорони ватан» ба ихтиёри Тоҷикистон дода шаванд.

Бино ба иттилои

Радиои Озодӣ

, эътирозгарон дар даст акси чанде аз қурбониёни ҳамлаҳои хунини моҳи сентбяри 2015 дар Душанбеву Ваҳдатро доштанд. Онҳо гуфтанд, ки дар ин ҳамлаҳо наздикони пулисашонро аз даст додаанд ва ҳоло мехоҳанд, ки “ҳақ ба ҳақдор бирасад”.

Ҳамчунин онҳо зикр кардаанд, ки ҳадафи онҳо суботи комил дар Тоҷикистон аст ва онҳое, ки аз берун ба сӯи кишвар санг меандозанд, бояд аз тарафи мақомоти Иттиҳоди Аврупо боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шаванд.

Гуфта мешавад, шояд ин ҷо истирдоди раҳбари ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ  дар назар аст, ки тобистони соли гузашта кишварро тарк кард ва баъди он низ теъдоде аз аъзои ҳизб аз Тоҷикистон рафтанд ва гуфта мешавад, дар кишварҳои аврупоӣ зиндагӣ мекунанд.

Ғайр аз ин, теъдоди дигаре аз мухолифони давлат, ки худро аъзои “Гурӯҳи 24”, як созмони мамнуъ дар Тоҷикистон меноманд, дар кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Олмон зиндагӣ мекунанд ва мақомоти расмӣ дар гузашта истирдоди онҳо ба Душанберо талаб кардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.