Талбаков: Ҳизби коммунист атеистӣ нест

Дар маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ, ки санаи 22 май дар Тоҷикистон доир гардид, аксари кулли овоздиҳандагон ҳамаи 40 тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсияи ҷумҳуриро дастгирӣ намуданд. Аз ҷумла ба моддаи 28 Конститутсия тағйирот ворид шуд. Дар ин модда қаблан зикр шуда буд: «Шаҳрванд ҳақ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ ва […]



Дар маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ, ки санаи 22 май дар Тоҷикистон доир гардид, аксари кулли овоздиҳандагон ҳамаи 40 тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсияи ҷумҳуриро дастгирӣ намуданд.

Аз ҷумла ба моддаи 28 Конститутсия тағйирот ворид шуд. Дар ин модда қаблан зикр шуда буд: «Шаҳрванд ҳақ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ ва атеистӣ дошта, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад».

Ин модда баъди раъйпурсӣ чунин шакл хоҳад дошт: «Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад».

Мо кӯшиш кардем, ки дар робита ба хориҷ шудани калимаи «атеистӣ» аз моддаи 28 бифаҳмем, ки оё ин ба манъи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон таҳдид намекунад ва барои рӯшанӣ андохтан ба масъала ба котиби Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков муроҷиат кардем.

«Ҳизби коммунист ҳизби сиёсии атеистӣ набуда, ҳизбе мебошад, ки ҷонибдори адолати иҷтимоӣ аст. Ҳанӯз соли 1990 мо аз Оинномаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон калимаи «атеизм» ва тамоми чизҳои марбут ба ин мафҳумро хориҷ карда будем», – гуфт ӯ.

Дар идома котиби ҲКТ изҳор намуд, ки мутобиқи Оинномаи амалкунандаи Ҳизби коммунист, ҳамаи шаҳрвандони аз сини 18-сола болои Тоҷикистон сарфи назар аз мансубияташон ба миллату мазҳаб, маълумоту мақоми иҷтимоӣ ва ғайра метавонанд аъзои Ҳизби коммунисти кишвар бошанд.

«Оинномаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба масҷид рафтану намоз хондани аъзои ҳизб, сафар барои адои маросими ҳаҷ, рӯза доштан ва анҷом додани дигар расму оинҳои диниро манъ намекунад», – таъкид дошт Талбаков.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.