Ҳабси ду тоҷик дар Петербург ба иттиҳоми мусоидат ба террористон

Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург иттилоъ медиҳад, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон – Фирӯз Шукуров ва Орзу Ризоев  ба гумони мусоидат ба фаъолияти террористӣ ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд. Дар маълумот зикр мегардад, ки рӯзи 21 июн суди Невскии шаҳри Санкт-Петербург дархости тафтишотро қонеъ намуда, ба ҳабси ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки […]



Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург иттилоъ медиҳад, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон – Фирӯз Шукуров ва Орзу Ризоев  ба гумони мусоидат ба фаъолияти террористӣ ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

Дар

маълумот

зикр мегардад, ки рӯзи 21 июн суди Невскии шаҳри Санкт-Петербург дархости тафтишотро қонеъ намуда, ба ҳабси ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои мусоидат ба фаъолияти террористӣ гумонбар дониста мешаванд, иҷозат додааст.

Бино ба

иттилои

Радиои Озодӣ, мақомоти интизомии Русия Фирӯз Шукуров ва Орзу Ризоев, шаҳрвандони Тоҷикистонро барои ҷалби сокинон ба сафи гуруҳи “Давлати исломӣ” муттаҳам медонанд. Аз ин афрод адабиёт ва рамзҳои мазҳабӣ дарёфт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, Орзу Ризоев қаблан бо як духтари рус издивоҷ карда, шаҳрвандии Русияро низ доштааст, аммо Фирӯз Шукуров қаблан аз қаламрави Русия ихроҷ шуда, маълум нест, аз чӣ тариқ дубора ворид гардидааст.

Гуфта мешавад, нисбати онҳо  бар асоси қисми аввали моддаи 205.1-и Кодекси ҷиноии Русия (мусоидат ба фаъолиятҳои террористӣ) таҳқиқот идома дорад ва тибқи ин модда аз 5 то 10 соли зиндон ва ҷарима ба маблағи то 500 ҳазор рубл, муодили беш аз 7 ҳазор доллар ҷазо пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.