ВКД ба таҳқиқи ҳодисаи рухдода баъди ҷашни «Ҳолӣ» шурӯъ кард

Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба тафтиши бархӯрди кормандони пулис бо ширкатдорони ҷашни “Ҳолӣ” дар Душанбе оғоз кардааст. Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 23-уми май гуфтааст, ҳоло се нафар корманди Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамчун гумонбарони эҳтимолӣ бозпурсӣ мешаванд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳанӯз рӯзи 20-уми […]

Радиои Озодӣ



Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба тафтиши бархӯрди кормандони пулис бо ширкатдорони ҷашни “Ҳолӣ” дар Душанбе оғоз кардааст.

Як ҳамсӯҳбати

Радиои Озодӣ

аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 23-уми май гуфтааст, ҳоло се нафар корманди Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамчун гумонбарони эҳтимолӣ бозпурсӣ мешаванд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳанӯз рӯзи 20-уми май дар як ҷаласа Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз рух додани чунин як ҳодиса ҷиддан нигаронӣ карда, ба тафтиши он супориш додааст. Вазир гуфтааст, корманди милиса бояд дар чорчӯбаи қонун ва ахлоқ бо қонуншиканон рафтор кунанд.

– Вазир супориш додааст, то воқеияти он навор санҷида шавад. Агар он дуруст бошад, ҳатман кормандони милиса барои чунин амал ҷазо мебинанд, – гуфтааст ӯ.

Сабти садое, ки рӯзи 16-уми май дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, нишон медиҳад, гурӯҳе, ки худро корманди милиса муаррифӣ мекунанд, бо чанд боздоштшуда, ба хусус духтарон бо як лаҳни қабеҳ муомила мекунанд.

Ҷалолиддини Садриддин, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 23-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтааст, воқеан, ин ҳодиса тафтиш мешавад, вале ҳоло натиҷаҳои он дақиқ нашудааст. Ӯ гуфт: “Воқеан, ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ мо мактуб равон кардем, то ин ҳақиқати ҳолро фаҳмонанд. Ростӣ, чун дар арафаи чорабиниҳои муҳим қарор доштем, ҳанӯз ҷавоби мактубро нагирифтаем. Ин ҳодиса пайгирӣ мешавад ва ҳатман ҳақиқат аниқ мешавад.”

Гурӯҳе аз ҷавонон рӯзи 15 май баъд аз таҷлили ҷашни “Ҳолӣ” дар кӯчаҳо дастгир шуда ва баъди бозпурсӣ ҳамаашон озод гардидаанд. Ба дунбол мақомоти ВКД аз ҷавононе, ки ҳангоми боздошт дар ин ҷашни солонаи ҳиндуҳо аз ҷониби милисаҳо дашному таҳқир шунидаанд, дархост кард, ба ин ниҳод муроҷиат кунанд. Манобеи огоҳ мегӯянд, ки модари яке аз ин наврасон ба вазорат аз рафтори маъмурони милиса бо фарзандаш шикоят кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.