Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия

Дар бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 23 май Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия таҳти раёсати Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев Владимир Александрович баргузор гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҳаждаҳуми Мушовараи муштарак икр […]



Дар бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 23 май Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия таҳти раёсати Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев Владимир Александрович баргузор гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҳаждаҳуми Мушовараи муштарак икр гардид, ки ҳамкориҳо дар самтҳои мубориза бо экстремизм, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дар соҳаи кофтукови ҷинояткорон ва шахсони бедарак гумшуда, ташхиси криминалистӣ, ошкор ва тафтишоти ҷиноятҳо ва инчунин тайёр намудани кадрҳои баландихтисос фаъолона амалӣ карда мешаванд.

Дар ҷаласаи Мушовараи якҷоя масъалаҳои ҳамоҳангсозии муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Россия зимни ошкор ва тафтиши ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ки дар ҳудуди ҳарду кишвар содир шудаанд, мукаммал намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилии ду кишвар дар  мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, ошкор ва пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Ҳамзамон дар ҷараёни ҷаласа дурнамои ҳамкориҳои муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барои соли 2017 баррасӣ гардида, аз ҷониби Вазирони ҳарду кишвар тасдиқ карда шуд.

Сипас бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-полковники политсия Колоколтсев Владимир Александрович, барои саҳми арзанда гузоштан дар таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо медали «Милитсияи Тоҷикистон» мукофотонида шуд.

Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-полковники политсия Колоколтсев Владимир Александрович ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати ҳамоҳангсозии ҳамкориҳо дар сатхи баланд, саъю кӯшиш дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояткорӣ изҳори миннатдорӣ намуда, бо Фармони худ ӯро бо медали «Барои ҳамбастагии низомӣ» (За боевое содружество) қадрдонӣ намуд.

Дар интиҳо оид ба натиҷаҳои ҷаласаи Мушовараи якҷоя Нишасти матбуотӣ бо иштироки Вазирони ҳарду кишвар баргузор гардид.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҷараёни Нишасти матбуотӣ зикр кард, ки ҳамкориҳои дуҷониба аҳамияти хоса дошта, барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ, шахсони дар кофтуков қарордошта ва дигар ҷиноятҳои муташаккил мусоидат менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.