Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 27-уми май (соати 15:00) маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” баргузор мегардад.
Тавре Шервони Умриддин, котиби матбуоти Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар дод, дар маҳфил мавзӯи “Ҷойгоҳи Аҳмади Дониш дар “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ” мавриди баҳс қарор дода мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, гузоришгари маҳфил доктори илмҳои филологӣ, профессор Муллоев Абдусамад Муллоевич дар назар аст.
Ба диққати кулли донишмандон, пажӯҳишгарон ва ҳамаи хоҳишмандон расонида мешавад, ки маҳфили “Ҷаҳони андеша” ҳар ҳафта як маротиба дар толори Академияи илмҳои ҶТ гузаронида шуда, иштирок дар он озод аст.





