Вазорати маориф: Толибилони Ваҳдат «аз бӯи гулҳо заҳролуд шудаанд»

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон изҳор медорад, ки 11 нафар толибилмони мактаби таҳсилоти умумии №104-и деҳаи Сӯфиёни шаҳри Ваҳдат аз бӯи гулҳо заҳролуд шудаанд. Аммо ба савол дар бораи маҳз аз бӯи кадом гулу растаниҳо заҳролуд шудани хонандагон посухи саҳеҳ дода нашуд. Радиои Озодӣ имрӯз иттилоъ дод , ки ёздаҳ хонандаи мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами […]



Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон изҳор медорад, ки 11 нафар толибилмони мактаби таҳсилоти умумии №104-и деҳаи Сӯфиёни шаҳри Ваҳдат аз бӯи гулҳо заҳролуд шудаанд. Аммо ба савол дар бораи маҳз аз бӯи кадом гулу растаниҳо заҳролуд шудани хонандагон посухи саҳеҳ дода нашуд.

Радиои Озодӣ имрӯз

иттилоъ дод

, ки ёздаҳ хонандаи мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 104 рӯзи ҷумъа аз ҳуш рафта, волидонашон иддао доранд, ки то ҳол ба худ наомадаанд ва ташхиси онҳо дар бемористонҳои Душанбе идома дорад.

Волидони талабаҳои мактаб баъди он ки беморхонаи ноҳия сабаби ин ҳолатро ташхис накардааст, фарзандони худро ба беморхонаи “Медгородок”-и пойтахт оварданд ва аз ин ҷо ба бемористони шаҳрии рақами 4 интиқол дода шуданд.

Дар Вазорати маорфи ва илми ҷумҳурӣ зикр карданд, ки ҳамаи толибилмони заҳролудшудаи деҳаи Сӯфиён айни замон худро хуб ҳис карда, дар дарсҳо ҳузур доранд. Сардори Раёсати маълумоти миёнаи мактабии Вазорат Абдуҷаббор Алиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо дар беморисон бистарӣ нашудаанд.

Дар шарҳи ин ҳодиса муовини вазири тандурустии Тоҷикистон – сардухтури санитарии кишвар Наврӯз Ҷаъфаров ҳолати дар мактаби Ваҳдат заҳролуд шудани хонандагонро тасдиқ намуда, зикр кард, ки айни замон ин ҳодисаро прокуратураи шаҳр таҳқиқ мекунад. «Ба эҳтимоли зиёд толибилмон аз кадом як растание захролуд шудаанд», – иброз дошт ӯ.

Сардухтури санитарии кишвар ҳамчунин иттилоъ дод, ки рӯзи 27 май 52 нафар хонандагони мактаби №3-и деҳаи Хоҷағалтони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шӯрообод) аз таъсири доруи зидди пашша

заҳролуд шудаанд

, ки бо он синфхонаҳоро коркард намудаанд.

«Аз ин 52 нафари ба табибон муроҷиаткарда 7 нафарашон дар бемористон бистарӣ шуда буданд, зеро вазъашон вазнин буд, вале аллакай рӯзи шанбе, 28 май вазъи солимии онҳо муътадил шуда, аз бемористон ҷавоб дода шуданд», – гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.