Парвандаи ҷиноӣ нисбати 5 тоҷик дар робита ба қазияи Хованское

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия нисбати панҷ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳодисаи занозании оммавӣ дар қабристони Хованскоеи шаҳри Маскав иштирок кардаанд, парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Бино ба маълумоти  «Новая газета », нисбати коргарони тоҷик мутобиқи моддаҳои 213 (Авбошӣ) ва 167 (Барқасдона нобуд кардан ва зарар расонидан ба амвол)-и КҶ Русия парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Гуфта […]



Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия нисбати панҷ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳодисаи занозании оммавӣ дар қабристони Хованскоеи шаҳри Маскав иштирок кардаанд, парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Бино ба маълумоти 

«Новая газета

», нисбати коргарони тоҷик мутобиқи моддаҳои 213 (Авбошӣ) ва 167 (Барқасдона нобуд кардан ва зарар расонидан ба амвол)-и КҶ Русия парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Гуфта мешавад, санаи 29 май аз 22 нафар боздоштшудагони коргарони оромгоҳ – шаҳрвандони Тоҷикистон барои майдаавбошӣ, муҳлати ҷазои маъмурии 17 тан аз онҳо ба охир расида, суди Твери шаҳри Маскав муҳлати ҳабси панҷ нафари онҳоро ду моҳ дароз кардааст.

Бино ба

иттилои

Радиои Озодӣ, додгоҳ гуфтааст, ҳамаи панҷ нафар –

Ҷомӣ Чақалов, Шоҳимардон Аҳмадов, Раҳмиддин Садриддинов, Ҳоҷиқурбон Бӯриев

ва

Диловар Юнусов

то замони таҳқиқи парвандаи ҷиноиашон бояд дар боздоштгоҳ бимонанд.

Ҳамкорони муҳоҷирони боздоштшуда аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардаанд, ки ба муҳоҷирон кумак расонанд, то дар ҷараёни тафтишоту мурофиаи додгоҳӣ ҳуқуқҳои онҳо поймол нашаванд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 май бо иштироки беш аз 200 нафар дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав ҷанҷолу занозании оммавӣ бо тирпарронӣ сурат гирифта, бар асари он се нафар тоҷикистониён ҳалок ва беш аз 20 нафари онҳо ҷароҳат бардоштанд.

Айни замон мақомоти пулиси шаҳри Маскав

дар пайи ошкор сохтани

макони гирдиҳамоии издиҳоми афроди аз хориҷа воридшуда мебошанд, ки дар ин ҷойҳо сар задани бетартибиҳо аз норозигии ҳазорон муҳоҷирон имкон дорад.

Қаблан 

иттилоъ дода будем

, ки мақомоти тафтишот аз эҳтимол дур намедонад, ки роҳбари қабристони Хованское Юрий Чабуев 50%-и даромади муҳоҷирони тоҷики ғайриқонунӣ фаъолиятдоштаро аз худ карданӣ будааст.

Собиқ директори оромгоҳи Хованское 

ба ташкили занозанӣ дар ин қабристон иқрор шуд.

 Юрий Чабуев изҳор дошт, ки муҳоҷирони тоҷик дар оромгоҳ бидуни иҷозатнома кор карда, барои ҳалли ин мушкилот ӯ «бачаҳои варзишгар»-ро даъват кардааст ва онҳо мебоист коргарони тоҷикро аз қаламрави қабристон берун мекарданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.