Ш.Зуҳуров ҳайати парлумони Исроилро ба ҳузур пазируфт



Ҳайати парлумони Исроил таҳти сарварии роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистону Исроил Шаррен Хаскел ба Душанбе ташриф овард.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳайати парлумони Исроилро раиси Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот масоили роҳандозӣ ва густариши ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳо баррасӣ шуданд.

Ба иттилои мнабаъ, дар ҷараёни мулоқот Ш.Зуҳуров изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ба рушди муносибатҳо бо Исроил дар бахшҳои гуногун манфиатдор аст. «То имрӯз миёни кишварҳо заминаи қарордодиву ҳуқуқӣ дар самти ҳамкорӣ қариб вуҷуд надорад. Танҳо соли 2013 миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳо дар бораи баргузор намудани машваратҳои сиёсӣ ёддошти тафоҳум ба имзо расидаасту халос», – таъкид доштааст ӯ.

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ҳамчунин зикр кардааст, ки ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо дар соли 2015 беш аз 633 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки ба имконоти мавҷуда тамоман ҷавобгӯ нест.

Зимнан зикр гардид, ки дар вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили вазъ дар минтақа, аз ҷумла дар Афғонистон низ табодули назар кардаанд.

spot_imgspot_img

Популярное