Ш.Зуҳуров ҳайати парлумони Исроилро ба ҳузур пазируфт

Ҳайати парлумони Исроил таҳти сарварии роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистону Исроил Шаррен Хаскел ба Душанбе ташриф овард. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳайати парлумони Исроилро раиси Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот масоили роҳандозӣ ва […]



Ҳайати парлумони Исроил таҳти сарварии роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистону Исроил Шаррен Хаскел ба Душанбе ташриф овард.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳайати парлумони Исроилро раиси Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот масоили роҳандозӣ ва густариши ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳо баррасӣ шуданд.

Ба иттилои мнабаъ, дар ҷараёни мулоқот Ш.Зуҳуров изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ба рушди муносибатҳо бо Исроил дар бахшҳои гуногун манфиатдор аст. «То имрӯз миёни кишварҳо заминаи қарордодиву ҳуқуқӣ дар самти ҳамкорӣ қариб вуҷуд надорад. Танҳо соли 2013 миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳо дар бораи баргузор намудани машваратҳои сиёсӣ ёддошти тафоҳум ба имзо расидаасту халос», – таъкид доштааст ӯ.

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ҳамчунин зикр кардааст, ки ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо дар соли 2015 беш аз 633 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки ба имконоти мавҷуда тамоман ҷавобгӯ нест.

Зимнан зикр гардид, ки дар вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили вазъ дар минтақа, аз ҷумла дар Афғонистон низ табодули назар кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.