Имзои 16 санади ҳамкорӣ миёни кишварҳои узви ИДМ



Дар қароргоҳи «Ала-Арча»-и ҳукумати Қирғизистон дар шаҳри Бишкек таҳти раёсати ин кишвар ҷаласаи ҷашнии Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардида, дар ҷараёни он дар маҷмӯъ беш аз 20 масоили бештар марбт ба бахши иқтисод баррасӣ шуданд.

Дар ҷаласа нахуствазирони Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Беларус, Молдова, Тоҷикистон, муовинони нахуствазирони Озарбойҷон, Туркманистону Ӯзбекистон ва раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳод Сергей Лебедев иштирок краданд. Ҳайати Украина дар ҷаласа ҳузур надошт.

Бино ба

маълумоти

  сомонаи ҳукумати Қирғизистон, аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа дар Бишкек беш аз 16 санади ҳамкорӣ ба имзо расида, қабл аз имзои аснод ҳайати иштирокдорони ҷаласа бо президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев дидору гуфтушунид карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Гуфта мешавад, дар бораи таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили фаъолияти мақомоти иҷроияи ИДМ ва беҳбуди самаранокии фаъолияти худ Иттиҳод қарор қабул шуда, онҳо ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ, ки санаи 16 сентябри соли равон дар Бишкек доир мегардад, равона мегарданд.

Бо пешниҳоди ҷониби Беларус ҷаласаи навбатии нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ 28 октябри соли 2016 дар пойтахти ин кишвар – шаҳри Минск баргузор мешавад. Қобили зикр аст, ки соли 2016 аз замони таъсиси ИДМ 25 сол пур мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное