Иҷозатномаҳои дар хориҷи кишвар дастрасшуда минбаъд бояд тасдиқ шаванд



Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз тағйироту илова ба қонуни кишвар «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»-ро ҷонибдорӣ намуд.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала вакил Дилрабо Мансурӣ изҳор дошт, ки дар тағйироти аз ҷониби гурӯҳи вакилон пешниҳодшуда тартиби тасдиқи иҷозатномаҳо ба баъзе намудҳои фаъолият, ки берун аз қаламрави кишвар гирифта шудаанд, пешбинӣ шудааст.

«Иҷозатномаҳои дар дигар давлатҳо дастрасшуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Тоҷикистон бояд тасдиқ (легализатсия) карда шаванд ё ба онҳо апостил гузошта шавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад», – гуфт ӯ.

spot_imgspot_img

Популярное