Семинар оид ба масъалаҳои амнияти киберфазо барои кормандони мақомоти давлатӣ

Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Фонди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандии интернет дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд имрӯз барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаю идораҳои давлатӣ оид ба масъалаҳои амнияти киберфазо ва нақши CERT-и бисёрҷониба дар ҳалли онҳо семинар оғоз гардид, ки муддати ду рӯз идома меёбад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, семинарро […]

ASIA-Plus



Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Фонди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандии интернет дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд имрӯз барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаю идораҳои давлатӣ оид ба масъалаҳои амнияти киберфазо ва нақши CERT-и бисёрҷониба дар ҳалли онҳо семинар оғоз гардид, ки муддати ду рӯз идома меёбад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, семинарро сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Абдуллозода Зумрад бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, зикр кард, ки дар замони муосир масъалаи амнияти киберфазо яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, баланд бардоштани донишу малакаи кормандони самти мазкур ҷиҳати вокуниш ва ё омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулоддаи компютерӣ ва кибертаҳдидҳо бениҳоят зарур аст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин директори Фонди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандии интернет Муҳаммадӣ Ибодуллоев баромад намуда, зикр кард, ки дар рафти семинар мавзӯъҳои «Моҳияти Киберамният дар киберфазо (гузарвожаҳо, вирусҳо), «Амнияти почтаи электронӣ», «Амният дар Шабака ва Индекси киберфазо», «Амнияти шабакаҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ», «Асосҳои CERT», «Кибертаҳдидҳо ва Идоракунии устувор», «Амнияти инфрасохтори муҳими техникӣ ва инфрасохтори муҳими иттилоотӣ» ва «Индекси киберамниятии байналмилалӣ» мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар семинар коршиносони байналмилалӣ Олег Демидов – машваратчии PIR–Центр аз шаҳри Москваи Федератсияи Россия ва намояндагони Фонди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандии интернет:  Артём Горяинов, Асомуддин Атоев, Суҳроб Рустамов ва Парвина Ибодова ба иштирокчиёни семинар дар мавзӯъҳои «Роҳҳои таҳким бахшидани амнияти аккуантии почтаи электронӣ ва интиқоли додаҳои онлайн», «Шабакаҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳалли масъалаҳои амнияти рақамӣ» ва дигар мавзӯъҳои мубрам ба ҳозирин маълумот хоҳанд дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.