Вазири мудофиа аз даъвати баҳорӣ натиҷагирӣ кард

Дар ҷамъомад таҳти роҳбарии вазири мудофиаи кишвар Шерали Мирзо бо иштироки ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ ва комиссарони ҳарбии шаҳру навоҳии мамлакат аз маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ натиҷагирӣ шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати мудофиаи ҶТ, дар ҷамъомад қайд карда шудааст, ки тибқи таҳлилҳо тайи чанд соли охир иҷрои нақша пеш аз муҳлат […]

ASIA-Plus



Дар ҷамъомад таҳти роҳбарии вазири мудофиаи кишвар Шерали Мирзо бо иштироки ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ ва комиссарони ҳарбии шаҳру навоҳии мамлакат аз маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ натиҷагирӣ шуд.

Бино ба

иттилои

сомонаи расмии Вазорати мудофиаи ҶТ, дар ҷамъомад қайд карда шудааст, ки тибқи таҳлилҳо тайи чанд соли охир иҷрои нақша пеш аз муҳлат иҷро гардида, боиси хушнудист, ки 95 дар сади даъватшавандагон шаҳрвандони ихтиёрӣ ва ё онҳое мебошанд, ки баъди гирифтани аввалин даъватнома ба комиссариатҳои ҳарбии маҳали зисти худ ҳозир мешаванд.

Вазири мудофиа ҳамчунин зикр кардааст, ки  дар натиҷаи бемасъулиятиву хунукназарии баъзе аз комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо, як қатор мушкилиҳо аз қабили наомӯхтани шахсияти даъватшавандаҳо, дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ набудани баъзе аз шаҳрвандон, муоинаи нодурусти ташхиси тиббӣ, сари вақт ҳозир нагардидани ҷавонон ба комиссияҳои даъватӣ, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои соҳавӣ ва кирдорҳои коррупссионӣ ошкор гардидаанд, ки ин гуна ашхоси гунаҳкор ба ҷазои интизомӣ кашида шуда, баъзе аз онҳо аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод гардидаанд.

Бо мақсади бартараф намудани камбудиву монеаҳои дар боло зикргардида, баҳри дар сатҳи баланд ва бо сифати хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои минбаъдаи даъватӣ, иштирокчиёни ҷамъомад ва масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват бо супоришҳои мушахас вазифадор карда шуданд.

Дар охири ҷамъомади мазкур бо фармони вазири мудофиа комиссарони ҳарбие, ки фаъолияти назаррас доранду ин маъракаи муҳими сиёсӣ ё худ даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбиро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидаанд, бо тақдими сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуда, нисбати чанд нафар аз комиссарон ва кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ, ки баръакс дар ташкили ин чорабини хунукназарӣ зоҳир карда, ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додаанд, ҷазоҳои интизомиро татбиқ намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.