18 ва 16 соли зиндон ба ғоратгарони анбор дар ноҳияи Рӯдакӣ

Барои ғорати анбори ҶДММ «Озум» дар ҷамоати Россияи ноҳияи Рӯдакӣ, бо ҳукми суд 3 сокини маҳаллӣ ба 18 ва 16 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, номбурдагон дар асоси маслиҳати пешакӣ шаби 20 ба 21 ноябри соли 2015, ба назди  ҶДММ «Озум», воқеъ дар деҳаи Чилмеҳроби, ҷамоати […]

ASIA-Plus



Барои ғорати анбори ҶДММ «Озум» дар ҷамоати Россияи ноҳияи Рӯдакӣ, бо ҳукми суд 3 сокини маҳаллӣ ба 18 ва 16 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, номбурдагон дар асоси маслиҳати пешакӣ шаби 20 ба 21 ноябри соли 2015, ба назди  ҶДММ «Озум», воқеъ дар деҳаи Чилмеҳроби, ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ омада, бо воситаи болои девори корхонаи мазкур ғайриқонунӣ вориди бино мешаванд.

«Дар он ҷо ба посбони ин ширкат Мирзобеков Бӯрӣ ҳуҷум ва нисбаташ таҳдиди паррондан карда, бо скотч дасту пой ва даҳонашро мебанданд. Сипас телефони мобилияш тамғаи «Нокия» арзишаш 180 сомониро тасарруф намуда, тирезаи ҳуҷраи кории ҶДММ «Озум»-ро мешикананд ва вориди ҳуҷраи корӣ гашта, қулфи ҷевони оҳанини дар он ҷой бударо бо воситаи ломи оҳанин шикаста, аз дохили ҷевон ба миқдори 10 ҳазору 370 доллари ИМА ва 16 ҳазору 500 сомониро тасарруф намудаанд», – омадааст дар маълумоти Прокуратураи генералӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ А.Каримов ба муҳлати 18 сол, Ҳ.Давлатов ва Б.Бурҳонов ҳар кадоме ба муҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.