Mirror: пешвои «Давлати исломӣ» кушта шуд

– Пешвои гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ Абӯбакр ал-Бағдодӣ бар асари зарбаҳои ҳавоии эътилофи низомии зиддитеррористӣ таҳти роҳбарии ИМА кушта шуд, – хабар медиҳанд васоити ахбори умум бо такя ба маълумоти газетаи бритониёии Mirror . Бо истинод ба агентии Amag нашрия итттилоъ медиҳад , ки Абӯбакр ал-Бағдодӣ дар мавзеи назди шаҳри Раққаи Сурия кушта шудааст. Манбаъи […]

ASIA-Plus



– Пешвои гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ Абӯбакр ал-Бағдодӣ бар асари зарбаҳои ҳавоии эътилофи низомии зиддитеррористӣ таҳти роҳбарии ИМА кушта шуд, – хабар медиҳанд васоити ахбори умум бо такя ба маълумоти газетаи бритониёии


Mirror


.

Бо истинод ба агентии Amag нашрия

итттилоъ медиҳад

, ки Абӯбакр ал-Бағдодӣ дар мавзеи назди шаҳри Раққаи Сурия кушта шудааст. Манбаъи дигар иттилоъ медиҳад, ки ӯ дар Мосули Ироқ ба ҳалокат расидааст.

Намояндаи сохторҳои қудратии Ироқ бидуни ифшои ному насаб изҳор доштааст, ки қатораи автомашинаҳои пешвои «Давлати исломӣ» дар роҳ ба самти Карбало, ки дар он ҷо бояд вохӯрии роҳбарони гурӯҳ доир мегардид, мавриди ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирифтааст.

Шабакаи телевизионии «Ас-Сумария»-и Ироқ дар ин робита хабар додааст, ки бар асари зарбаҳои ҳавоӣ дар мавзеи назди марзи Ироқ ва Туркия Абӯбакр ал-Бағдодӣ ва чанде аз афроди гирду атрофи ӯ захмӣ шудаанд.

Қобили зикр аст, ки Абӯбакр ал-Бағдодӣ пас аз қатли пешви собиқи гурӯҳ Абӯ Умар ал-Бағдодӣ (апрели оли 2010) 16 майи соли 2010 созмони террористии «Давлати ислоӣ»-ро ба роҳбарӣ гирифт. Васоити ахбори умум Абӯбакр ал-Бағдодиро «вориси ҳақиқии Усома бин Лодан» унвон карда, ӯ бо тундгароӣ ва бераҳмии худ маъруф аст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.