Беш аз 3 млн. $ кумаки башардӯстонаи Русия ба Тоҷикистон дар соли 2015

Соли 2015 маблағи умумии кумаки бисёрҷонибаи башардӯстонаи Русия ба Тоҷикистон беш аз 3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти дар ин робита интишорнамудаи сафорати Русия дар Тоҷикистон, лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Русия ҳадафнок маблағгузорӣ мешаванд, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳаммияти муҳим дошта, «натанҳо ба беҳбуди ҳаёти шаҳрвандони ҶТ мусоидат мкунанд, балки бозгӯи […]

ASIA-Plus



Соли 2015 маблағи умумии кумаки бисёрҷонибаи башардӯстонаи Русия ба Тоҷикистон беш аз 3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти дар ин робита интишорнамудаи сафорати Русия дар Тоҷикистон, лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Русия ҳадафнок маблағгузорӣ мешаванд, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳаммияти муҳим дошта, «натанҳо ба беҳбуди ҳаёти шаҳрвандони ҶТ мусоидат мкунанд, балки бозгӯи хусусияти стратегӣ доштани муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон низ мебошанд».

Гуфта мешавад, шурӯъ аз соли 2006 ҳамасола ҳам аз ҷониби вазорату идораҳо ва корхонаву ташкилотҳои Русия ва ҳам аз ҳисоби маблағҳои ҳақмузди сарпарастии Русия ба фондҳои муассисаҳои махсуси СММ ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ ба Тоҷикистон кумаки башардустона фиристода мешавад.

Ҳамин тариқ, бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 дар мавриди кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон Русия ба сегонаи кишварҳои пешсаф дохил аст, ки маблағи умумии кумак зиёда аз 3 млн. доллари ИМА ё худ 12,6% аз ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад. Аз ҳаҷми умумии кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар соли 2015 ба Олмон – 23,3%, Нидерланд – 9,7%, Чин – 8,9%, Дания – 7,4%, ИМА – 7,1% ва Амороти Муттаҳидаи Араб – 5,1% ҳисса рост меояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.